ШАҲРВАНДОН АЗ СУПОРИДАНИ БОҶИ ДАВЛАТӢ ОЗОД МЕШАВАНД?
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандоне, ки ба суд муроҷиат мекунанд аз супоридани боҷи давлатӣ озод карда мешаванд ё андозаи боҷи давлатӣ кам карда шуда ва ё супоридани онро ба таъхир мегузоранд. Суд метавонад чунин салоҳиятро бо назардошти вазъи пасти молиявию иқтисодии шаҳрвандоне, ки ба суд муроҷиат менамоянд, дошта бошад. Ин масъала 10 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, бо раъйи 52 нафар вакил қабул гардид.Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон Хадича Ҳакимова зимни шарҳи қонуни мазкур гуфт, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади амалӣ намудани Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва мутобиқ гардонидани он ба меърҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи он ба 17 моддаи қонуни мазкур тағийру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамзамон, Раиси тозаинтихобшудаи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудов ин масъаалро муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба тағйироти куллӣ ниёз дорад ва ислоҳоти Суди конститутсионӣ яке аз самтҳои асосии Барномаи ислоҳоти Судӣ дар кишвар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






