ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНОЗИ ТОҲИРИЁН

Июнь 18, 2009 17:07

                 Суғд ,18 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бо мақсади истиқболи иди Вахдат дар толори Муассисаи давлатии (Маркази Ҷавонон)-и ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Хуҷанд шаби эчодии шоираи ширинкалом Гулнози Тоҳириён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳмадзод оғоз намуда, баъд ҷонишини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Рухсора Каримхуҷаева идома доданд. Маълум гардид, ки аз ашъори шоираи хушсалиқа- Гулноз солҳои охир 4 китоби вай ба табъ расидааст.Соли 2003 «Ашки ширин» соли 2004 «Ғавғои сукут» соли 2005 аз «Аз нигоҳ то шеър» соли 2008 «Парвози дунё» чакидаҳои қалами ин шоираи навовар дар кишвари Эрон ва шаҳри Лондон бо унвони «Зери борони шукуфарези нигоҳ» бо хатти форсӣ муаррифӣ гардидааст.                  Илова ба ин шоира Гулнози Тоҳириён аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Котиби ҳаракати Вахдати Миллӣ дар вилояти Суғд мебошад.  

Июнь 18, 2009 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд