ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНОЗИ ТОҲИРИЁН
Суғд ,18 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бо мақсади истиқболи иди Вахдат дар толори Муассисаи давлатии (Маркази Ҷавонон)-и ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Хуҷанд шаби эчодии шоираи ширинкалом Гулнози Тоҳириён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳмадзод оғоз намуда, баъд ҷонишини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Рухсора Каримхуҷаева идома доданд. Маълум гардид, ки аз ашъори шоираи хушсалиқа- Гулноз солҳои охир 4 китоби вай ба табъ расидааст.Соли 2003 «Ашки ширин» соли 2004 «Ғавғои сукут» соли 2005 аз «Аз нигоҳ то шеър» соли 2008 «Парвози дунё» чакидаҳои қалами ин шоираи навовар дар кишвари Эрон ва шаҳри Лондон бо унвони «Зери борони шукуфарези нигоҳ» бо хатти форсӣ муаррифӣ гардидааст. Илова ба ин шоира Гулнози Тоҳириён аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Котиби ҳаракати Вахдати Миллӣ дар вилояти Суғд мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






