ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ ПУДРАТӢ БА 181 АДАД РАСИД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 10 соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 561,3 ҳазор метри квадратӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо мақсади сохтмони фонди манзил аз буҷаи Ҳукумати шаҳр 931,4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Соҳаи сохтмони капиталии шаҳр ба андозаи 2,1 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Шумораи корхонаҳои пудратӣ аз 54 ба 181 адад расонида шуд. Ба бӯҳрони молиявӣ нигоҳ накарда, ҳукумати шаҳр барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ соли ҷорӣ 800 млн. сомонӣ ҷудо менамояд,-иброз доштанд дар Раёсати сохтмони шаҳр.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






