СММ БА ТОҶИКИСТОН КЎМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»- Ин.орг).-Раёсати СММ дар масъалаи ҳамоҳанг сохтани кӯмакҳои хайрия дар бораи вазъияти мураккаби бар асари боронҳои шадид дар Тоҷикистон ба амал омада ба мамлакатҳои мададгор хабар дод. Дар хабари СММ гуфта мешавад, ки боронҳои шадиди тӯлонӣ ба сокинони 40 ноҳияи мамлакат зарари калони иқтисодӣ расонданд. Дар натиҷа қариб 12 ҳазор нафар сокини Тоҷикистон мӯҳтоҷи кӯмакҳои башардӯстонаи таъҷилӣ мебошад. Аз ҷумла қариб 3 ҳазор сокини истиқоматгоҳҳои муваққатӣ ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷи калон доранд. Дар робита мамлакатҳои мададгор даъват карда мешаванд, ки ба Тоҷикистон ба маблағи 1,3 миллион доллари ИМА кӯмак расонанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки СММ аллакай бо ин мақсад ба Тоҷикистон барои харидани хайма, сӯзишворӣ ва об ба маблағи 120 ҳазор доллар кӯмак расонд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






