СОҲИБКОРОН БАЧАГОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОНРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД
Қӯрғонтеппа, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мактаббачагони ноҳияи Хуросон метавонанд дар истироҳатгоҳи «Қаратоғ» истироҳат кунанд. Кумитаи иттифоқи касабаи соҳибкорони вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бачагони зарардидаи ноҳияи Хуросонро ҶСШК «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ» дастгирӣ менамояд. Роҳбарияти ширкат барои роҳхат ба истироҳатгоҳ маблағ ҷудо намудааст ва аллакай 15 талаба аз ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба истироҳатгоҳ фиристода шудаанд. Раиси Кумитаи иттифоқи соҳибкорони вилоят Ҷурабой Тошматов қайд намуд, ки роҳбарияти ширкат инчунин ба проблемаҳои моддии коркунони худ аҳамият медиҳад ва айни ҳол барои ба истироҳатгоҳ фиристодани бачагон боз 14 роҳхат харида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






