СОҲИБКОРОН БАЧАГОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОНРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД

Июнь 18, 2009 10:30

                  Қӯрғонтеппа, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мактаббачагони ноҳияи Хуросон метавонанд дар истироҳатгоҳи «Қаратоғ» истироҳат кунанд. Кумитаи иттифоқи касабаи соҳибкорони вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бачагони зарардидаи ноҳияи Хуросонро ҶСШК «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ» дастгирӣ менамояд. Роҳбарияти ширкат барои роҳхат ба истироҳатгоҳ маблағ ҷудо намудааст ва аллакай 15 талаба аз ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба истироҳатгоҳ фиристода шудаанд.                  Раиси Кумитаи иттифоқи соҳибкорони вилоят Ҷурабой Тошматов қайд намуд, ки роҳбарияти ширкат инчунин ба проблемаҳои моддии коркунони худ аҳамият медиҳад ва айни ҳол барои ба истироҳатгоҳ фиристодани бачагон боз 14 роҳхат харида шуд.

Июнь 18, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад