СОҲИБКОРОНИ ЛАТВИЯ ВА ИТАЛИЯ ДАР ХАТЛОН

Июнь 6, 2009 09:57

                 Қӯрғонтеппа, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Гурӯҳи соҳибкорони Латвия ва Италия ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварданд. Зимни сафар гурӯҳи соҳибкоронро Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинс ҳамроҳи кард.Дар Қӯрғонтеппа ҳайатро муовини раиси вилояти Хатлон Руҳулло Ҳакимов қабул намуд.Инчунин дар вохӯрӣ гурӯҳи тоҷирони маҳаллӣ ширкат варзиданд. Зимни сӯҳбат тарафҳо хоҳиши худро оиди ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф иброз намуданд.Меҳмонон зимни сӯҳбат оиди шароити мусоид барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ ва лимӯ маълумот гирифта ҳавасмандии худро дар ин самт изҳор намуданд. Ҳамзамон оиди ҷалб кардани сармояҳо пешниҳодҳо карда шуданд.  

Июнь 6, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд