СОҲИБОНИ МОШИНҲОИ САБУКРАВ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНРО ПЕШ АЗ МӮҲЛА

Июнь 23, 2009 10:42

                Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати адлияи ҷумҳурӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 16-уми октбри соли 2008 дар бораи манъи нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт ба қайд гирифт. Мардум нисбати қарори мазкур андешаҳои гуногун доранд.                 Ба гуфти ронандаи нақлиёти шахсӣ Валӣ Исоев, қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе саривақтист. Аммо дар сурати надоштани ҷои нигоҳдошти мошинҳои сабукрав, айни замон қарори Маҷлиси вакилони шаҳр бо мақсад мувофиқ нест.                 Тибқи иттилои сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев Собир Кобулиев, бо гузашти беш аз 80 сол камбудиҳои лоиҳаи сохтмонии шаҳрсозӣ маълум шуд. Зарур буд, ки аввал камбудиҳо бартараф карда шуда, сипас чунин қарор қабул мегардид.                  Ба андешаи омӯзгор Равшан Комилов, вакилон дар қабули қарор ба шитобкорӣ роҳ додаанд, ки мебоист аввал ҷои нигоҳдошти замонавӣ барои автомобилҳои сабукрав сохта мешуд.

Июнь 23, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд