СОҲИБОНИ МОШИНҲОИ САБУКРАВ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНРО ПЕШ АЗ МӮҲЛА
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати адлияи ҷумҳурӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 16-уми октбри соли 2008 дар бораи манъи нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт ба қайд гирифт. Мардум нисбати қарори мазкур андешаҳои гуногун доранд. Ба гуфти ронандаи нақлиёти шахсӣ Валӣ Исоев, қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе саривақтист. Аммо дар сурати надоштани ҷои нигоҳдошти мошинҳои сабукрав, айни замон қарори Маҷлиси вакилони шаҳр бо мақсад мувофиқ нест. Тибқи иттилои сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев Собир Кобулиев, бо гузашти беш аз 80 сол камбудиҳои лоиҳаи сохтмонии шаҳрсозӣ маълум шуд. Зарур буд, ки аввал камбудиҳо бартараф карда шуда, сипас чунин қарор қабул мегардид. Ба андешаи омӯзгор Равшан Комилов, вакилон дар қабули қарор ба шитобкорӣ роҳ додаанд, ки мебоист аввал ҷои нигоҳдошти замонавӣ барои автомобилҳои сабукрав сохта мешуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






