«СОМОН-ЭЙР» БО ЧИПТАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ташкил шудани аввалин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мушкилоти мардумро осон кард. Ширкати хусусии «Сомон-эйр» яке аз аввалин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки кори мусофиркашониро дар асоси чиптаҳои электронӣ ба роҳ мемонад. Тибқи иттилои директори генералии ширкати хусусии «Сомон -эйр» Музаффар Исоқов, ширкат хизматрасониро ба мусофирон дар асоси талаботи байналмилалӣ тарҳрезӣ карданист. Ширкати хусусии «Сомон-эйр» дар давоми ду моҳи оянда, доираи хатсайрҳои худро васеъ намуда, ба Франкфурти болои Майн, Урумчӣ, ҳамчунин ба шаҳрҳои Красноярск, Тюмен, Сочӣ ва Оренбурги Федератсияи Россия хатҳои нави парвозро боз хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






