СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД

Июнь 15, 2009 11:14

               Маскав, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 14 июн дар Маскав мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Сарони ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон, ба истиснои Белорусия ва Ўзбекистон созишномаро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ имзо намуданд. Президенти Русия Дмитрий Медведев дар фарҷоми маросими имзои созишнома ба хабарнигорон гуфт, ки Белорусия ва Ўзбекистон созишномаи ташкили қувваҳои дастаҷамъиро дертар имзо карда метавонанд.                 Президенти Русия афзуд, ки созишномаи мазкур масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмонро дар бораи таъмини амният ба танзим медарорад. Ҳайати Белорусия дар маҷлиси навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон ширкат наварзид. Дар фарҷоми мулоқот инчунин изҳороти сарони давлатҳои аъзои созмон, нақшаи тадбирҳои бунёди низоми дастаҷамъии мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра ба имзо расиданд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16 июн дар шаҳри Екатеринбург дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад.                                                                                                           Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 15, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд