СОЗИШНОМАИ БАЙНИҲУКУМАТӢ ДАР БОРАИ ШАБАКАИ РОҲҲОИ ОҲАНИ ОСИЁИ ЭЪТИБОР

Июнь 10, 2009 11:24

                   Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Аз дафтари матбуоти Созмони Миллали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки созишномаи байниҳукуматии бахшида ба шабакаи роҳҳои оҳани мамлакатҳои Осиё пагоҳ, 11 июн эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Дар он меъёрҳои истифодаи шабакаи роҳҳои оҳан муқаррар карда, 4 шабакаи роҳи оҳани дорои аҳамияти байналхалқӣ пешбинӣ карда мешавад.                    Ҳадафи созишнома бунёди шабакаи байналхалқии роҳҳои оҳани қитъаи Осиё дар масофаи 114 ҳазор километр мебошад, ки 28 мамлакати минтақаро ба ҳамдигар мепайвандад.                    Созишномаи мазкур моҳи ноябри соли 2006 дар шаҳри бандарии Бусони Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ имзо шуда буд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шабакаи роҳи оҳани шимолӣ Русия,  Қазоқистон, Муғулистон, Чин ва нимҷазираи Куриё, шабакаи роҳи оҳани ҷанубӣ Таиланд ва вилояти ҷанубии Чин — Юнанро бо Туркия пайваста аз қаламрави Бангладеш, Филиппин, Сингапур, Таиланд ва Ветнам мегузарад. Шабакаи роҳи оҳани Шимол-Ҷануб мамлакатҳои шимоли Аврупоро бо халиҷи Форс мепайвандад. Ин роҳ аз қаламрави Русия, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегузарад.                    Созишнома баъди 90 рӯзи тасвиби он дар парлумони 8 давлат эътибори қонунӣ пайдо хоҳад кард.  

Июнь 10, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад