ТАҶЛИЛИ 10-СОЛАГИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ХУҶАНД

Июнь 2, 2009 12:58

                         Хуҷанд, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- 1 июн дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 10-солагии ташкили Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он кормандону роҳбарони Раёсати назорати маводи нашъадори вилоят, намояндагони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот, созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ширкат варзиданд.                         Дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва сухан кард. Вай зикр намуд, ки кормандони Раёсати назорати маводи нашъадори вилоят ҳамроҳи мақомоти дигари муҳофизи қонуну тартибот дар давоми 10 сол 3674 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро фош намуданд. Дар ин муддат зиёда аз 6,5 ҳазор тонна маводи нашъадор мусодира карда шуд.                         Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаодори ҷумҳурӣ Бунафша Одинаева дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давоми даҳ соли гузашта маълумот дод.                         Дар фарҷоми ҷамъомад раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қ. Расулзода, прокурори вилоят Хайрулло Саидов, комиссари ҳарбии вилоят Аъзам Қосимов, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Абдуҷамил Сатторов ва шахсони дигар бо медалҳои идона мукофотонида шуданд.                        Муовини директори Агентии назорати маводи нашъадори Қирғизистон Шерғозӣ Мирзокаримов ҳозиронро ба муносибати ҷашни 10-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъадор табрик намуд.

Июнь 2, 2009 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд