ТАРКИШИ МИНА ДАР ДАРВОЗ

Июнь 18, 2009 16:51

                     Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 17 июни соли 2009, дар майдони минаи Биброғ, воқеъ дар назди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи таркиши мина ба амал омад.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази зидди минаҳои Тоҷикистон, хабар доданд, дар натиҷаи таркиши баамаломада, минаҷӯи гурӯҳи безараргардонии №7, хизматчии ҳарбии Гвардияи Миллӣ прапоршик Ёраҳмадов Муҳаммад, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ҷароҳат бардошт. Маълумоти пешакии нопурра дар бораи маҷрӯҳ чунин аст: ҷароҳатҳо дар панҷаҳои дасти рост ва рӯй, осеби чашмон (сатҳи ҷароҳат ҳанӯз номаълум аст).                      Ҷабрдида худи ҳамин рӯз, пас аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз тарафи пизишки гурӯҳ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ интиқол дода шуд. Дар айни ҳол ҷабрдида зери назорати пизишкон табобати зарурӣ гирифта истодааст.                     Комиссияи тафтишотии аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо таъсисёфта барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба кори худ шурӯъ кард.                    Дар мавсими имсола, дар майдони минаи Биброғ гурӯҳи безарарсозӣ тавонистааст 85 521 метри мураббаъ замини хатарнокро тоза намояд ва 127 дона мина ва дигар муҳимоти натаркида ошкор ва нобуд сохта шудааст.                    Бояд қайд кард, ки дар соли ҷорӣ аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 6 нафар зарар диданд, панҷ нафари онҳо маҷрӯҳ ва як нафарашон ҳалок гардид. Аз соли 1992 инҷониб, аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 351 нафар ҳалок ва 448 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Танҳо дар соли гузашта бо ин сабаб 9 нафар маҷрӯҳ ва 4 нафар ҳалок гардиданд.    

Июнь 18, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад