ТАРКИШИ МИНА ДАР ДАРВОЗ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 17 июни соли 2009, дар майдони минаи Биброғ, воқеъ дар назди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи таркиши мина ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази зидди минаҳои Тоҷикистон, хабар доданд, дар натиҷаи таркиши баамаломада, минаҷӯи гурӯҳи безараргардонии №7, хизматчии ҳарбии Гвардияи Миллӣ прапоршик Ёраҳмадов Муҳаммад, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ҷароҳат бардошт. Маълумоти пешакии нопурра дар бораи маҷрӯҳ чунин аст: ҷароҳатҳо дар панҷаҳои дасти рост ва рӯй, осеби чашмон (сатҳи ҷароҳат ҳанӯз номаълум аст). Ҷабрдида худи ҳамин рӯз, пас аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз тарафи пизишки гурӯҳ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ интиқол дода шуд. Дар айни ҳол ҷабрдида зери назорати пизишкон табобати зарурӣ гирифта истодааст. Комиссияи тафтишотии аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо таъсисёфта барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба кори худ шурӯъ кард. Дар мавсими имсола, дар майдони минаи Биброғ гурӯҳи безарарсозӣ тавонистааст 85 521 метри мураббаъ замини хатарнокро тоза намояд ва 127 дона мина ва дигар муҳимоти натаркида ошкор ва нобуд сохта шудааст. Бояд қайд кард, ки дар соли ҷорӣ аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 6 нафар зарар диданд, панҷ нафари онҳо маҷрӯҳ ва як нафарашон ҳалок гардид. Аз соли 1992 инҷониб, аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 351 нафар ҳалок ва 448 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Танҳо дар соли гузашта бо ин сабаб 9 нафар маҷрӯҳ ва 4 нафар ҳалок гардиданд.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






