ТАШКИЛИ ФОНДИ ИСЛОМӢ ДАР ОСИЁ

Июнь 18, 2009 16:50

                     Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд дар бораи ташкили Фонди исломии барқарор сохтани соҳаҳои ёрирасон дар қитъаи Осиё паймон карданд. Фанди мазкур нахустин фонди исломии Бонки рушди Осиё мебошад. Маблағи дороии ибтидоии фонди мазкур 500 миллион долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он ба 12 мамлакати аъзои Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд барои барқарор намудани соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёташон қарз хоҳад дод. Ин мамлакатҳо Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Малдив, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон мебошанд.                     Фонди мазкур мувофиқи қонунҳои дини ислом кор мекунад, яъне аз маблағи қарзҳои он фоида гирифта намешавад. Инчунин маблағи қарзи онро барои ташкили қиморхонаҳо истифода бурдан мумкин нест. Хабар дода мешавад, ки Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд дар бораи ташкили фонд дар маҷлиси 34-уми ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ дар Ашқобод қарор қабул намуданд.

Июнь 18, 2009 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд