ТАШКИЛИ ФОНДИ ИСЛОМӢ ДАР ОСИЁ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд дар бораи ташкили Фонди исломии барқарор сохтани соҳаҳои ёрирасон дар қитъаи Осиё паймон карданд. Фанди мазкур нахустин фонди исломии Бонки рушди Осиё мебошад. Маблағи дороии ибтидоии фонди мазкур 500 миллион долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он ба 12 мамлакати аъзои Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд барои барқарор намудани соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёташон қарз хоҳад дод. Ин мамлакатҳо Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Малдив, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон мебошанд. Фонди мазкур мувофиқи қонунҳои дини ислом кор мекунад, яъне аз маблағи қарзҳои он фоида гирифта намешавад. Инчунин маблағи қарзи онро барои ташкили қиморхонаҳо истифода бурдан мумкин нест. Хабар дода мешавад, ки Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд дар бораи ташкили фонд дар маҷлиси 34-уми ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ дар Ашқобод қарор қабул намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






