ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДДТТ МЕАФЗОЯД
Душанбе.18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз таъсиси шӯъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҳудуди 800 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бахшҳои гуногуни ин донишгоҳро хатм карданд. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ — аз Афғонистон дар соли 1979 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шомил гардида буданд, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи равобити байналмилалии донишгоҳи мазкур Раҳмонқул Ашӯров. Алҳол дар ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино 478 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 17 давлати дунё дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд. Қисмати бештари донишҷӯёни хориҷӣ аз давлатҳои Ҳиндустон 304 нафар, Афғонистон 75 нафар, Қазоқистон 23 нафар, Покистон 21 нафар мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки ДДТТ яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарин дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он 70 сол муқаддам, аниқтараш соли 1939 таъсис дода шудааст. Донишгоҳ дорои 4 факулта- факултаи тиббӣ, фарматсевтӣ, стамотологӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ буда, дар тайёр намудани мутахассиони соҳаи тандурустии кишвар нақши муассир дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






