ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДДТТ МЕАФЗОЯД

Июнь 18, 2009 15:36

               Душанбе.18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз таъсиси шӯъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҳудуди 800 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бахшҳои гуногуни ин донишгоҳро хатм карданд. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ — аз Афғонистон дар соли 1979 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шомил гардида буданд, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи равобити байналмилалии донишгоҳи мазкур Раҳмонқул Ашӯров. Алҳол дар ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино 478 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 17 давлати дунё дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд. Қисмати бештари донишҷӯёни хориҷӣ аз давлатҳои Ҳиндустон 304 нафар, Афғонистон 75 нафар, Қазоқистон 23 нафар, Покистон 21 нафар мебошанд.                Бояд тазаккур дод, ки ДДТТ яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарин дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он 70 сол муқаддам, аниқтараш соли 1939 таъсис дода шудааст. Донишгоҳ дорои 4 факулта- факултаи тиббӣ, фарматсевтӣ, стамотологӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ буда, дар тайёр намудани мутахассиони соҳаи тандурустии кишвар нақши муассир дорад.              

Июнь 18, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд