ТОҶИКИСТОН БА БОВАРИИ САҲА САЗОВОР АСТ

Июнь 1, 2009 12:42

                        Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кушодани коллеҷи олии сарҳадӣ дар Душанбе шаҳодат аз боварии ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон аст.                        Дар рӯзи кушодашавии коллеҷи олии ҳарбӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки барои ташкил ва фаъолияти ин коллеҷи олии ҳарбӣ барои давлатҳои бо САҲА ҳамкоридошта, дар муддати 7 сол 5 млн.евро масраф мегардад, ки аз он 2,3 млн. евро дар соли аввали фаъолияти коллеҷ ҷудо карда мешавад.                        Дар коллеҷи нави олӣ дар як сол 4 маротиба курсҳои думоҳа барои гурӯҳҳои роҳбарикунандаи сарҳадии бо САҲА ҳамкор, аз ҷумла давлати ҳамсоя-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузаронида мешаванд. Дар курсҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм,ҷиноятҳои муташаккили трансмилӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди таълиму омӯзиш қарор дода мешаванд. Дар коллеҷ ҳамчунин маркази таҳқиқот ва рушд ҷойгир карда мешавад.

Июнь 1, 2009 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд