ТЎҲФАИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БА КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ЧИН

Июнь 3, 2009 16:26

                 Пекин, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сафири кабири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дирӯз дар шаҳри Пекин бо директори Китобхонаи миллии Чин, доктор Зан Фурӯғӣ мулоқот кард.                Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки Китобхонаи миллии Чин бо 557 китобхонаи 117 мамлкати ҷаҳон муносибатҳои ҳамкорӣ дорад. Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мубодилаи нусхаи китобҳои нодир мебошад. Роҳбарияти китобхона изҳор намуд, ки бо Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан мехоҳад.                Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки ҳамкории китобхонаҳо ба таҳкими дӯстии халқҳои ҳар ду кишвар мусоидат намуда, дар таърихи умумии мо саҳифаҳои нав мекушояд.                Рашид Олимов дар фарҷоми сӯҳбат ба Китобхонаи миллии Чин асари дуҷилдаи Абуали ибни Сино ба забонҳои тоҷикию русӣ, маҷмӯаи ашъори Абуабдуллои Рӯдакӣ ва китоби «Эмомалӣ Раҳмон- Президенти мо», инчунин албомҳои мусавварро дар бораи Тоҷикистон тӯҳфа намуд.  

Июнь 3, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд