ЎЗБЕКИСТОН ИНТИҚОЛИ ГАЗРО БА ТОҶИКИСТОН ҚАТЪ КАРДАН МЕХОҲАД

Июнь 12, 2009 10:08

                  Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷамъияти саҳҳомии «Узтрансгаз» ба унвони ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» мактуби расмӣ фиристода, огоҳ кард, ки дар мавриди то 15 июн бознагардондани қарзи гази қаблан истифодашуда интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ менамояд. Муовини аввали ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҷониби Ўзбекистон дар ин масъала қабл аз ин ҳам чандин маротиба огоҳинома фиристода буд, вале интиқоли газ қатъ карда нашуд. Тоҷикистон имрӯз аз ҷамъияти саҳҳомии «Узтрансгаз» қариб 18 миллион доллари ИМА қарздор мебошад.                «Қарзи мазкур аз ҳисоби напардохтани маблағи гази истифодашуда дар корхонаҳои калони мамлакат, аз ҷумла ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи тоҷик», «Корхонаи семент», «Сомонсуғдгаз», корхонаи шишабарории «Лаъл» ва ғайраҳо ба вуҷуд омадааст.   Вақте ки ин корхонаҳо пули гази истифодабурдаашонро диҳанд, имконияти баргардондани қарзи ҶС «Узбтрансгаз» пайдо хоҳад шуд»,- гуфт Ш. Шоимов.

Июнь 12, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд