ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН БА МАСКАВ РАФТ

Июнь 20, 2009 11:33

                   Душанбе, 20 июн. (АМИТ «ховар», Кристина Эрлих).-Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои вазирони тандурустии мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов иштирок дорад. Маҷлиси мазкур таҳти раёсати вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он роҳбарону намояндагони вазоратҳои тандурустии Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои расондани кӯмаки саривақтии тиббӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда ва ташхиси тиббии коргарони муҳоҷир ва мардикоронро баррасӣ хоҳанд кард. Дар фарҷоми он тавсиаҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Июнь 20, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд