ЗАДУХЎРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР САРҲАД

Июнь 3, 2009 10:50

                    Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- Марзбонони Раёсати умумии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соати 4-и субҳи 1 июн дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» дар ҳудуди посгоҳи сарҳадии Панҷи поён амалиёти махсус гузарониданд. Дар ин ҷо, тибқи хабари пешакӣ расида, аз қаламрави Давлати Исломии Афғонистон тавассути дарёи Панҷ ба воситаи қаиқ гурӯҳи қочоқчиёни мусаллаҳ таҳти роҳбарии Қорӣ валади Ҳошим ба қаламрави Тоҷикистон гузаштан мехост. Марзбонони тоҷик шабона гузаргоҳи қочоқчиёнро муайян намуда, дар он ҷо камин гирифтанд. Баъди аз дарё гузаштани қочоқчиён байни онҳо ва марзбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар ҷараёни он як нафар қочоқчӣ кушта шуд. Қочоқчиёни дигар аз торикии шаб ва қамишзор истифода бурда ба қаламрави Афғонистон ақиб нишастанд.                    Марзбонони тоҷик баъди анҷоми задухӯрд дар маҳалли воқеа як ҷасади қочоқчӣ, як халтаи 10 килограммаи афюни хом ва як туфангчаи Макаровро дарёфт намуданд. Дар натиҷаи задухӯрд як марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Айни ҳол шахсияти қочоқчии ҳалокшуда муайян карда мешавад.

Июнь 3, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд