ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ТАЛОФИИ СУҒУРТАВӢ ГИРИФТАНД

Июнь 3, 2009 16:25

                         Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сокинони вилояти Суғд, ки дар натиҷаи рух додани ҳодисаҳои табиии моҳи май, аз қабили боришоти пайдарпайи борон, канда шудан ва лағжидани сангпораҳо хисороти калон дидаанд, аз Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» талофии суғyртавӣ гирифтанд.                        Аз ШДСТ «Тоҷиксуғурта» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи май ба 251 хонаи истиқоматии шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Fафуров зарари ҷиддӣ расид. Хонаҳое, ки ба суғуртаи ихтиёрӣ фаро гирифта шуда буданд, мувофиқи хисороти расида ба соҳибони онҳо маблағи суғуртавӣ ба андозаи 56 ҳазору 38 сомонӣ пардохт карда шуд. Бояд гуфт, ки агар ин xонаҳо ба маблағи калон ба суғурта фаро гирфта мешуданд, албатта маблағҳои талофии суғуртавӣ низ зиёдтар мешуд. Дар баробари ин, дар ноҳияи Айнӣ 80 сар чорвои калони шохдор, 730 сар бузу гусфанд талаф ёфтанд. Талофии суғуртавӣ ба миқдори 70 фоизи арзиши балансии чорво пардохт карда мешавад.                       Мавриди зикр аст, ки ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакоре, ки зироатҳои худро суғурта кардаанд маблағи суғуртавӣ дар охири сол пардохт карда хоҳад шуд.

Июнь 3, 2009 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд