ҒОЛИБИ ОЗМУН МУАЙЯН ГАРДИД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Лутфия Эшонқулова).- 4 июл дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии иштирокчиёни озмуни байналмилалии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» баргузор гардид. Тавре хабар дода шуда буд, дар даври аввали озмуни мазкур 11 овозхон ва дастаҳои гуногуни ҳунарӣ ғолиб омадад буданд. Акнун онҳо дар даври хотимавии озмун ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар даври хотимавии озмун овозхон аз вилояти Суғд Ален ғолиб омад. Вай ба тамошобинон як суруди машҳури русӣ, як суруди машҳур ба забони англисӣ ва як суруди машҳури тоҷикиро пешкаш намуд. Ален аз рӯи ҳисоби овозҳои тамошобинон ва овозҳое, ки ба воситаи телефонҳои мобилӣ дода шудаанд, дар озмун ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби овозхон Кирилл Қамбаров гардид. Овозхони ҷавон Юлия Багданавичуте бо 89 хол ҷойи сеюмро ишғол кард. Овозхони дӯстдоштаи ҷавонон Ҷонибек Муродов ҷои чорумро ишғол намуд. Ғолиби озмун Ален дар фарҷоми консерт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки шарафи Тоҷикистонро дар озмуни байналхалқии «Панҷ ситораи интервизион-2009» ҳимоя хоҳад кард. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки обрӯю эътибори Тоҷикистонро на танҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, балки дар озмунҳои ҷаҳонӣ низ баланд бардорам, гуфт вай. Тарҷумон Қудратов А.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






