ҒОЛИБОНИ «ДУРАХШАНДАГОН» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

Июль 16, 2009 10:37

                     Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 150 нафар довталабон, ки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд, ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмуни стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» супориданд.                      Озмун дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардида, аз байни довталабон 36 нафар ғолибон имкони таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро доранд. Тамоми хароҷоти таҳсили довталабони ғолиб дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Президенти ҷумҳурӣ пардохт карда мешавад. Ба довталабон 24 ихтисос аз ҷумла, системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ, тадқиқот ва лоиҳакашии биноҳо ва иншоот, бехатарии иттилоот, геология ва инкишофи канданиҳои фоиданок, муҳандиси кӯҳӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо ва туристӣ, радиохимия ва радиоэкология, ҳуқуқшиносӣ, муҳандиси соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, муҳандиси НБО, муҳандиси техникӣ ва насбгари трубоагрегатҳои НБО ва ҳароратӣ ва ғайраҳо пешниҳод карда шудааст.                       Имтиҳонҳо ба таври тестӣ дар заминаи барномаи таълимии таҳсилоти умумии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ба забони русӣ ҷараён мегирад. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, озмуни стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бори аввал дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он ба таҳсил дар хориҷи кишвар фаро гирифтани талабаҳои болаёқат ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи бахши техникӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёзи бештаре дорад.

Июль 16, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид