ҒОЛИБОНИ «ДУРАХШАНДАГОН» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД
Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 150 нафар довталабон, ки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд, ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмуни стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» супориданд. Озмун дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардида, аз байни довталабон 36 нафар ғолибон имкони таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро доранд. Тамоми хароҷоти таҳсили довталабони ғолиб дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Президенти ҷумҳурӣ пардохт карда мешавад. Ба довталабон 24 ихтисос аз ҷумла, системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ, тадқиқот ва лоиҳакашии биноҳо ва иншоот, бехатарии иттилоот, геология ва инкишофи канданиҳои фоиданок, муҳандиси кӯҳӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо ва туристӣ, радиохимия ва радиоэкология, ҳуқуқшиносӣ, муҳандиси соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, муҳандиси НБО, муҳандиси техникӣ ва насбгари трубоагрегатҳои НБО ва ҳароратӣ ва ғайраҳо пешниҳод карда шудааст. Имтиҳонҳо ба таври тестӣ дар заминаи барномаи таълимии таҳсилоти умумии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ба забони русӣ ҷараён мегирад. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, озмуни стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бори аввал дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он ба таҳсил дар хориҷи кишвар фаро гирифтани талабаҳои болаёқат ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи бахши техникӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёзи бештаре дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






