ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО БА ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ ШУР&#
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — 28 июл дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе имтиҳонҳои қабул оғоз меёбанд. Соли аввал дар ду факултаи филиали мазкур — факултаҳои математика ва информатика ва факултаи муносибатҳои байналхалқӣ 25 нафарӣ донишҷӯ қабул карда мешавад. Таҳсил дар ин ҷо дар асоси шартнома ва таъминоти буҷетӣ ба роҳ монда мешавад. Рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагон 26 июл аст. Имтиҳонҳоро омӯзгорони москвагӣ бо роҳи санҷиши тестӣ дар Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ қабул мекунанд. Меъёрҳои асосии баҳодиҳӣ ба дониши дохилшавандагон ба таври мукаммал донистани фанҳо ва забони русӣ мебошанд. Тармими бинои филиали Донишгоҳ дар арафаи соли нави таҳсил ба охир мерасад. Барои тармим ва тайёр кардани филиал ба соли нави таҳсил 4 миллион сомонӣ сарф карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов қабл аз Тоҷикистон дар Озарбойҷон кушода шуда буд. Ифтитоҳи филиали мазкур дар Тоҷикистон ба тайёр намудани мутахассисони варзидаи техникӣ, кормандони соҳаи дипломатия ва донандагони забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Аз Тоҷикистон олими маъруф Ҳайдар Одинаев ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав таъин карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






