ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО БА ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ ШУР&#

Июль 23, 2009 10:59

                   Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — 28 июл дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе имтиҳонҳои қабул оғоз меёбанд. Соли аввал дар ду факултаи филиали мазкур — факултаҳои математика ва информатика ва факултаи муносибатҳои байналхалқӣ 25 нафарӣ донишҷӯ қабул карда мешавад. Таҳсил дар ин ҷо дар асоси шартнома ва таъминоти буҷетӣ ба роҳ монда мешавад. Рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагон 26 июл аст. Имтиҳонҳоро омӯзгорони москвагӣ бо роҳи санҷиши тестӣ дар Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ қабул мекунанд. Меъёрҳои асосии баҳодиҳӣ ба дониши дохилшавандагон ба таври мукаммал донистани фанҳо ва забони русӣ мебошанд.                  Тармими бинои филиали Донишгоҳ дар арафаи соли нави таҳсил ба охир мерасад. Барои тармим ва тайёр кардани филиал ба соли нави таҳсил 4 миллион сомонӣ сарф карда хоҳад шуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов қабл аз Тоҷикистон дар Озарбойҷон кушода шуда буд. Ифтитоҳи филиали мазкур дар Тоҷикистон ба тайёр намудани мутахассисони варзидаи техникӣ, кормандони соҳаи дипломатия ва донандагони забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Аз Тоҷикистон олими маъруф Ҳайдар Одинаев ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав таъин карда шуд.                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.

Июль 23, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид