ҚАРЗИ БОНКӢ КАМ ШУД

Июль 11, 2009 10:17

               Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар ВМКБ ҳаҷми додани қарзҳо ду баробар кам шуд. Тибқи иттилои Вахши Бадахшонии Бонки миллӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ бонкҳои тиҷоратӣ 21 миллион сомониро қарз додаанд, ки ин нисбати соли 2008 2 маротиба камтар аст. Агар дар соли 2008 аз тарафи ин бонк ба сокинони вилоят 18,3 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, ин рақам дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо 5,8 миллионро ташкил медиҳаду халос. Манбаъ сабаби асосии инро напардохтани қарз аз ҷониби мардум арзёби мекунад. Беш аз чил дар сади қарз баргардонида нашудааст.                                              Худсариҳо дар қонунгузории замин                Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Кормандони прокуратураи ВМКБ фаъолияти нимсолаи худро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, ба хотири рафъи камбудиҳои ҷойдошта фикру ақида баён намуданд. Зикр гардид, ки давоми 6 моҳ 204 маротиба вазъи иҷрои қонунҳо санҷида шуда, дар робита бо ислоҳи норасогиҳо 369 амр иҷро гардид. Аз болои беш аз 400 қарору санадҳои хилофи қонун эътироз баён карда шуда, бо пешниҳоди прокурор 79 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 49 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.                Таҳлилу баррасӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳудуди вилоят ҳанӯз ҳам қонунгузории замин худсарона вайрон карда мешаванд. Прокуратураи вилоят иҷрои қонун дар бораи заминро 15 маротиба санҷида, 5 амр ва 10 пешниҳодро ба унвони шахсони мансабдор ирсол дошт. Прокурори вилоят Рашид Гулматшоев таъкид намуд, ки прокуратура ба хотири таҳкими волоияти қонун дар вилоят боз ҳам ҷиддӣ машғул хоҳад шуд.

Июль 11, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад