ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН БА ДАСТ АФТОД

Июль 25, 2009 10:44

                   Қӯрғонтеппа, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Кормандони гумрук дар гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи поён» шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадкарим Тозаро дастгир карданд. Вай мехост 43,7 грам моддаи нашъадори хашишро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид созад.                    Роҳбари дафтари матбуоти раёсати гумруки вилояти Хатлон Олимхон Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Муҳаммадкарим Тоза фасли баҳори ҳамин сол зимни ворид гардиданаш ба сарзамини Тоҷикистон барои нодуруст пур кардани ҳуҷҷатҳои ворид сохтани мол ҷазои маъмурӣ дода шуда буд.                   Акнун нисбати қочоқчии афғон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.  

Июль 25, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд