ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР КӮЛОБ ЧӢ ГУНА РИОЯ НАМЕШАВАД?
Кӯлоб, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Масъулини бахши танзими маросим ва ҷашну маъракаҳои ҳукумати шаҳр аз ба таври бояду шояд риоя нашудани қонуни ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ карданд. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи танзими ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Амиралӣ Раҳимов ҷиҳати татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо корҳои муайяне ба сомон расидааст. Дар шаҳри Кӯлоб панҷ комиссияи доимоамалкунанда ва 185 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 11 маросими хатнасур, 735 тӯи домодию арӯсӣ, 934 ақди никоҳ, таваллуд 2073 нафар, 428 маросими дафн, 180 маросими чил, 119 маросими сари сол, баргузор гардид, ки дар ҷашну маросимҳои номбаршуда ҳамагӣ 783 сар чорво аз ҷумла 38 чорвои калон, 745 сар чорвои майда забҳ гардидааст. Теъдоди маъракаҳо бошад дар маҷмӯъ 1114 ададро ташкил дод. Ҷамъи маблағҳои хароҷотӣ дар давоми 6 моҳи соли равон ба 1176962 сомонӣ баробар шуд. Барои риоя накардани қонуни мазкур дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 3 парвандаи меъёрии ҳуқуқӣ тартиб дода ба суди шаҳри Кӯлоб пешниҳод карда шудааст. Аз шаҳрванд Самадов Сафаралӣ бо моддаи 481-ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шуд. Дар давоми ду сол бошад 8 қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар чор ҷамоати деҳот комиссияҳои назорат аз болои риояи қонуни мазкур тартиб дода шудаанд. Мутаассифона то ҳанӯз қонуншиканиҳо дар ин самт ҷой доранд. Аз тарафи аҳолӣ, махсусан дар маъракаҳои ҷумъагӣ, арӯсбинон ва истифодаи нақлиёт дар тӯйҳо талаботҳои қонун риоя намешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






