ҚУРБИ МИЁНАИ ДОЛЛАР ФАРОМАД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори асъори шаҳри Душанбе дар давоми рӯзи 15 июл, поён фаромада, ба ҳисоби миёна 4,42 — 4,45 сомониро ташкил дод. Талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба гузаронидани амалиёт аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ кам шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, ба 1,38-1,39 сомонӣ ва 6,15-6,20 сомонӣ баробар шуд. Аз маркази матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, ки бештари амалиёт дар он сурат мегирад, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз рӯи қарордодҳои басташуда, 4,39-4,43 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил кард. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,18 сомонӣ баробар гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






