ҲАЙАТИ БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Июль 24, 2009 09:35

                  Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Ҳайати Бонки рушди исломӣ таҳти роҳбарии ёвари раиси бонк Иброҳим Абубакр Сидибой 26 июл барои боздиди чоррӯза ба Душанбе ташриф хоҳад овард.                 Тибқи нақша ҳайати бонк бо Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири рушди иқтисод ва савдо, инчунин роҳбарияти намояндагии бонк дар Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Дар фарҷоми сафар дар бораи ҷудо кардани маблағ барои сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хум ва қарордоди ҷудо кардани маблағ барои додани қарзҳои хурд имзо карда мешаванд.                 Аъзои ҳайат зимни сафар бо ҷараёни тармими роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хум шинос мегардад.                                                                                                             Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 24, 2009 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид