ҲАЙАТИ БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Ҳайати Бонки рушди исломӣ таҳти роҳбарии ёвари раиси бонк Иброҳим Абубакр Сидибой 26 июл барои боздиди чоррӯза ба Душанбе ташриф хоҳад овард. Тибқи нақша ҳайати бонк бо Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири рушди иқтисод ва савдо, инчунин роҳбарияти намояндагии бонк дар Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Дар фарҷоми сафар дар бораи ҷудо кардани маблағ барои сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хум ва қарордоди ҷудо кардани маблағ барои додани қарзҳои хурд имзо карда мешаванд. Аъзои ҳайат зимни сафар бо ҷараёни тармими роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хум шинос мегардад. Тарҷумон Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






