ҲАМАГӢ 61 ФОИЗИ ТЕХНИКА ОМОДАИ КОР АСТ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми июли соли 2009 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 15 ҳазору 48 адад тракторҳои гуногунтамға ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 9870 адад ё 66 фоизи он дар ҳолати коршоямӣ қарор дошт. Омодагии тракторҳо нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (61 фоиз), ноҳияҳои Тоҷикобод (45 фоиз), Файзобод (49 фоиз), Шаҳринав (51 фоиз), Варзоб (57 фоиз), Турсунзода (57 фоиз), Ҷиргатол (60 фоиз) ва ноҳияи Ваҳдат 63 фоиз кам мебошад. Аз 3 ҳазору 36 трактори шудгоркунанда 1837 -тои он омодаи кор аст, ки баробари 61 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 55 фоиз, ноҳияҳои Роғун — 29, Тоҷикобод — 40, Турсунзода — 44, Файзобод — 45, Шаҳринав — 46 ва Ваҳдат 50 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






