ҲАМАГӢ 61 ФОИЗИ ТЕХНИКА ОМОДАИ КОР АСТ

Июль 22, 2009 12:22

                   Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми июли соли 2009 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 15 ҳазору 48 адад тракторҳои гуногунтамға ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 9870 адад ё 66 фоизи он дар ҳолати коршоямӣ қарор дошт.                  Омодагии тракторҳо нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (61 фоиз), ноҳияҳои Тоҷикобод (45 фоиз), Файзобод (49 фоиз), Шаҳринав (51 фоиз), Варзоб (57 фоиз), Турсунзода (57 фоиз), Ҷиргатол (60 фоиз) ва ноҳияи Ваҳдат 63 фоиз кам мебошад.                   Аз 3 ҳазору 36 трактори шудгоркунанда 1837 -тои он омодаи кор аст, ки баробари 61 фоиз мебошад.                   Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 55 фоиз, ноҳияҳои Роғун — 29, Тоҷикобод — 40, Турсунзода — 44, Файзобод — 45, Шаҳринав — 46 ва Ваҳдат 50 фоизро ташкил медиҳад. 

Июль 22, 2009 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар