ҲАННС ЗАЙДЕЛ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Хазинаи олмонии Ҳаннс Зайдел тасмим гирифтааст, ки пардохти маблағи курсҳои яксола аз рӯи барномаи магистрии «Идоракунии давлатӣ» барои хизматчиёни давлатиро дар Тоҷикистон ба ӯҳда гирад. Инчунин, хазинаи мазкур бо компютер, принтер ва проектори мултимедӣ таъмин намудани ҷараёни таҳсилро низ ба зимма гирифтааст. Бояд тазаккур дод, ки хазинаи Ҳаннс Зайдел ҳамкории худро бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб тақвият мебахшад. Чанде пеш зимни сафари омӯзишии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба Олмон байни Донишкадаи мазкур ва Хазинаи Ҳаннс Зайдел се санад, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамкории Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо Хазинаи Ҳаннс Зайдел ба имзо расонида шуд. Назар ба иттилои муовини сардори шӯъбаи таҳлилию иттилоотӣ ва ташкилии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатӣ Аҳад Содиқов, Хазинаи Ҳаннс Зайдел соли 1977 дар Олмон таъсис дода шуда, ҳадафаш кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тарраққӣ дар масоили илму фарҳанг ва хизмати давлатист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






