ҲАЗРАТИ СУЛТОН ОБОДУ РОҲҲОИ ХОВАЛИНГ ХАРОБ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ховалингро минтақаи туризм эълон кардан ҳоҷат надорад, зеро манзараҳои нотакрори он хоҳ — нохоҳ ҳар як сайёҳро барои тамошо ба ин минтақаи афсонавӣ ҷалб мекунад,- мегӯянд сокинони ин диёр.Бо ташаббуси чанд нафар ватанхоҳони асил, яке аз ҷойҳои муқаддаси он мазори Ҳазрати Султон бо усули қадима бунёд карда шуд. Бо кӯмаки устоҳои чирадасти суғдӣ зиёратгоҳ зебу оро дода шуд. Тобистони соли ҷорӣ даҳҳо ихлосмандон аз гӯшаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба зиёрати Пири тариқат- Ҳазрати Султони Увайси Қаранӣ омада аз чашмаҳои он бо ният об нӯши ҷон карданд. Ба гуфти сокинони ин ҷо агар ҳукумати вилояти Хатлон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ғами роҳи харобгаштаи ин гӯшаи биҳиштосоро андаке мехӯрданд ба буҷаи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби сайёҳони ватанхоҳ садҳо ҳазор сомонӣ ворид мешуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






