ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН ҲИФЗ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар давоми 6 моҳи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори агентӣ Давлаталӣ Ҳотамов иштирок намуд. Хабарнигорон қабл аз оғози нишасти матбуотӣ бо фаъолияти озмоишгоҳи агентӣ шинос гардиданд. Қайд карда шуд, ки мутахассисони агентӣ дар давоми 6 моҳи гузашта дар ин ҷо бештар аз 1206 навъи маводи озуқаро аз санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа 313 навъи озуқаи пастсифат ва ғайри қобили истеъмол ошкор карда шуд, 52 навъи мол сертификати мувофиқат надошт, бинобар ин аз фурӯш боздошта шуд. Директори агентӣ Д. Ҳотамов зикр кард, ки барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ба 51 нафар ба маблағи 10 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима андохта шуд. Ҳамаи ин маблағ рӯёнда, ба ҳисоби буҷети давлат ворид гардид. Қайд карда шуд, ки баъзе навъҳои маҳсулоти озуқаи истеҳсоли корхонаҳои дохили мамлакат низ ба стандартҳои мавҷуда мувофиқ набуданд. Дар робита фурӯши 268 ҳазору 4 тонна орди гандум, 1505 кг маснуоти қаннодӣ, 1211 декалитр нӯшобаҳои беспирт, 467, 5 декалитр нӯшобаи спиртдор, 37 ҳазору 775 қуттӣ консерва ва 794 килограм навъҳои гуногуни ҳасиб ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқ набуда, аз фурӯш боздошта шуданд. Тафтиш ва санҷишҳо нишон медиҳанд, ки баъзе соҳибкорони корчаллон аз маҳдудияти тафтиши фаъолияташон истифода бурда, маҳсулоти пастсифатро бо ҳуҷҷатҳои сохта ба фурӯш мебароранд. Маҳсулоти ошкоргардидаи онҳо ҳатман аз фурӯш боз дошта мешавад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






