ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дирӯз дар толори Маркази ҷумҳуриявии матбуот нишасти матбуотии роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба фаъолияти кумита дар давоми 6 моҳи гузаштаи соли равон дар масъалаи ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарони мамлакат маърӯза карда шуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки дар давоми 6 моҳи гузашта дар миқёси мамлакат бештар аз 37 мусобиқаи калони варзишӣ баргузор гардид ва дар онҳо қариб 5 ҳазор варзишгар иштирок дошт. Дар ин давра варзишгарони тоҷик дар 40 мусобиқаи варзишии байналхалқӣ ва қитъаи Осиё ширкат варзиданд. Онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда соҳиби 171 медал гардиданд. Қайд карда шуд, ки имсол дар мамлакат Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Марафони ваҳдат дар сатҳи олӣ ва муташаккилона баргузор гадиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






