ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХАТЛОН

Июль 8, 2009 16:30

   Қӯрғонтеппа, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар вилояти Хатлон дар майдони 1195 гектар картошка ҷамъоварӣ карда шуд, ки 65 фоизи майдони киштро дар бар мегирад. Тавре аз идораи кишоварзии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷамъоварии картошка дар вилоят 16570 тонна ва ё 75 фоизро ташкил медиҳад. Нисбати соли гузашта ин нишондод 10 ҳазору 223 тона зиёд мебошад. «Ҷамъоварии картошка дар ноҳияҳои Ҷилликул 25 фоиз, Восеъ 17 фоиз, Ҳамадонӣ 19 фоиз ва Норак 19 фоиз иҷро гардидааст» — иттилоъ доданд аз идораи кишоварзии вилояти Хатлон. Ҳосилнокии картошка дар вилоят 136 сентнерро ташкил медиҳад.

Июль 8, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд