36 НАФАР ТАЛАБАИ ДУШАНБЕГӢ ДОНИШҶӮИ МАКОТИБИ ОЛИИ РУСИЯ ШУДАНД

Июль 10, 2009 16:36

                   Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-36 нафар хатмкyнандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе донишҷуёни мактабҳои олии Федератсияи Русия гардиданд. Онҳо ғолибони олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, дар доираи шартномаи байнидавлатӣ ба донишгоҳҳои Русия дохил гардиданд.                    Тибқи иттилои сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт ихтисосҳоеро интихоб кардаанд, ки ҷумҳурии мо ба онҳо дар шароити феълӣ ниёзи бештаре дорад. Бахусус, ихтисосҳои техникӣ — эенергетика, технологияи муосир, саноати кӯҳӣ, металлургия ва ғайраҳо.                  Бояд зикр кард, ки дар соли таҳсили 2009 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро 9, 5 ҳазор хонандагон хатм карданд.

Июль 10, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд