36 НАФАР ТАЛАБАИ ДУШАНБЕГӢ ДОНИШҶӮИ МАКОТИБИ ОЛИИ РУСИЯ ШУДАНД
Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-36 нафар хатмкyнандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе донишҷуёни мактабҳои олии Федератсияи Русия гардиданд. Онҳо ғолибони олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, дар доираи шартномаи байнидавлатӣ ба донишгоҳҳои Русия дохил гардиданд. Тибқи иттилои сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт ихтисосҳоеро интихоб кардаанд, ки ҷумҳурии мо ба онҳо дар шароити феълӣ ниёзи бештаре дорад. Бахусус, ихтисосҳои техникӣ — эенергетика, технологияи муосир, саноати кӯҳӣ, металлургия ва ғайраҳо. Бояд зикр кард, ки дар соли таҳсили 2009 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро 9, 5 ҳазор хонандагон хатм карданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






