50 КАТ БАРОИ БЕМОРОНИ БАРҶОМОНДА
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар санади сарнавиштсоз (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст, ки мазмуни он барои ҳар як инсон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озод фароҳам овардан аст. Яке аз чунин табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта, маъюбону пиронсолон ва бесаробонмондагон мебошанд, ки давлат онҳоро зери парастории худ нигоҳ медорад.Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», ки дар деҳаи Батоши ноҳияи мазкур ҷойгир шудааст, яке аз ин муассисаҳост. Дар муассисаи мазкур 180 нафар беморон ва барҷомондагон нигоҳубин карда мешаванд. Соли равон аз буҷаи ҷумҳурӣ барои ин муассиса 1 млн. 206 ҳазору 479 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии сиёсти иқтисодӣ — иҷтимоӣ барои солҳои 2007-2009 барои 50 нафар барҷомондагон бинои нав сохта ба истифода дода шуд, ки кушодашавии он ба «Рӯзи маъюбон» — 8 -уми июл рост омад. Дар маросими кушодашавии «Хона- инернати пиронсолон ва маъюбон» вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовинони вазир ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ- раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа ширкат варзиданд. Раиси шаҳри Турсунзода аз номи ҳукумати шаҳр ба сокинони ин муассиса 20 яхдон, 20 телевизор, 20 қолин ва 20 мавҷгири моҳворавӣ ва 1 мошини ёрии таҷилӣ тӯҳфа намуд, ки гувоҳ аз олиҳимматӣ ва инсонпарастии онҳо аст. Тавассути истифодаи бинои нав боз 38 нафар шаҳрвандон ба кор таъмин мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






