50 КАТ БАРОИ БЕМОРОНИ БАРҶОМОНДА

Июль 9, 2009 13:44

               Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар санади сарнавиштсоз (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст, ки мазмуни он барои ҳар як инсон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озод фароҳам овардан аст.               Яке аз чунин табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта, маъюбону пиронсолон ва бесаробонмондагон мебошанд, ки давлат онҳоро зери парастории худ нигоҳ медорад.Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», ки дар деҳаи Батоши ноҳияи мазкур ҷойгир шудааст, яке аз ин муассисаҳост. Дар муассисаи мазкур 180 нафар беморон ва барҷомондагон нигоҳубин карда мешаванд.                Соли равон аз буҷаи ҷумҳурӣ барои ин муассиса 1 млн. 206 ҳазору 479 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.                Дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии сиёсти иқтисодӣ — иҷтимоӣ барои солҳои 2007-2009 барои 50 нафар барҷомондагон бинои нав сохта ба истифода дода шуд, ки кушодашавии он ба «Рӯзи маъюбон» — 8 -уми июл рост омад. Дар маросими кушодашавии «Хона- инернати пиронсолон ва маъюбон» вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовинони вазир ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ- раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа ширкат варзиданд.                Раиси шаҳри Турсунзода аз номи ҳукумати шаҳр ба сокинони ин муассиса 20 яхдон, 20 телевизор, 20 қолин ва 20 мавҷгири моҳворавӣ ва 1 мошини ёрии таҷилӣ тӯҳфа намуд, ки гувоҳ аз олиҳимматӣ ва инсонпарастии онҳо аст.                Тавассути истифодаи бинои нав боз 38 нафар шаҳрвандон ба кор таъмин мегарданд.

Июль 9, 2009 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид