96 ФОИЗИ ИНВЕСТИТСИЯ АЗХУД КАРДА ШУД

Июль 23, 2009 10:27

                  Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳҳои январ — июни соли 2009 барои таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе — Бӯстон» асосан аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ — 96,3 фоизи ҳаҷми умумии инвеститсияи азхудкардашуда ба амал бароварда шудааст. Аз ҷумла, дар сохтмони нақби «Шаҳристон» — 22 миллиону 435 ҳазор сомонӣ инвеститсия истифода карда шудааст.  Дар сохтмони нақби «Шар — Шар» 3 млн. 328 ҳазор сомонӣ, дар барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 3) ба маблағи 30 млн. 493 ҳазор сомонӣ ва дар роҳи автомобилгарди «Шоҳон — Зиғар» 4 млн.387 ҳазор сомонӣ истифода гардидааст.

Июль 23, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд