АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН БО ОБИ ТОЗА ТАЪМИН МЕШАВАД

Июль 9, 2009 15:24

                 Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар Маркази матбуоти созмони «Иттилоот ва муошират» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Кирхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилу коммуналии» мамлакат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотӣ таҳти раёсати директори генералии корхонаи мазкур Раҳмат Бобокалонов гузашт.                 Р. Бобокалонов зикр намуд, ки дар давоми 6 моҳи гузашта ба пешрафти соҳаи манзилу коммуналӣ диққати махсус дода шуд.                 Қайд карда шуд, ки дар доираи барномаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007-2010 бояд сокинони ноҳияҳои дурдаст ва душворгузари ҷумҳурӣ тӯли солҳои оянда бо оби тоза таъмин карда шаванд. Р. Бобокалонов фаъолияти хуби хоҷагиҳои манзилу коммуналии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷомӣ, Восеъ, Хоруғ, Дарвоз, Рӯшон, Исфара, Қайроққум ва Табошарро таъкид намуда, гуфт ки дар ин ноҳияҳо ба ободонӣ ва сабзу хуррам гардондани кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои маскунӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Корхонаҳои соҳа дар давоми 6 моҳи гузашта ба маблағи 4 миллиону 891 ҳазор сомонӣ ниҳол шинонда ва гул коридаанд. Дар ин давра нақшаи тармими роҳҳо 124 % иҷро карда аз маҳаллаҳои истиқоматӣ 175 ҳазор метри мукааб ахлот бароварда шуд.                 Р. Бобокалонов афзуд, ки мутахассисони соҳа барномаи бо оби тоза таъмин намудани шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистонро тартиб доданд. Барномаи мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бо кӯмаки молиявии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо таҳия карда шуд. Иҷрои барнома охири ҳамин сол шурӯъ мегардад. Барои иҷрои он 6 миллиону 173 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст.                  Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷараёни иҷрои ҳамаи барномаҳо бомуваффақият давом дорад ва онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро карда мешаванд. Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 9, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд